[:tj]Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳияи Варзоб аксияи муштарак дар мавзуъҳои “Суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сиёсати давлатии ҷавонон”, “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Мо ҷавонон зидди нашъамандӣ”, “Саломатии ҷавонон, саломатии миллат”, “Бо хатарҳои глобалӣ бояд мубориза бурд”, “Оё Шумо аз вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) хабардор ҳастед?” бахшида ба муносибати “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” баргузор намуданд.
Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба сокинони ноҳияи Варзоб буклетҳо ба миқдори 1600 нусха дасрас гардонида шуд.
Олимзода Орифҷон Олим
мутахассиси пешбари бахши
Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб
[:]