[:tj]Чанде пеш байни Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Амали нек», ки дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ба тасвиб расид.
Тибқи ин санад ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек» ба шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ё аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, хизматрасониҳои зеринро ба таври ройгон пешниҳод менамояд:1. Ташхиси вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО); 2.ташхиси гепатити С; 3. Маслиҳати духтури занона барои бонувон (УЗИ, мазок); 4.маслиҳати духтури бемориҳои пўсту узвҳои таносул; 5.маслиҳати ҳуқуқшинос; 6. Барқарор намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (зоднома, шиносномаи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
Ҳамчунин хоҳишмандон метавонанд дар курсҳои кўтоҳмуддати ташкилнамудаи ТҶ «Амали нек» ба таври ройгон касбҳои қаннодӣ, ошпазӣ, кор бо компютер ва шабакаи Интернет, қолинбофӣ, муҳосибӣ, хизматрасонӣ дар муассисаҳои хўроки умумӣ (пешхизмат), дўзандагӣ, сартарошӣ, барқчигӣ ва забони русиро омўзанд.
Муҳлати таҳсил дар ин курсҳо 3 моҳ мебошад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд
[:]