Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо директори Бюрои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва Абдусаттор Эсоев мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ, тақвият бахшидани фаъолият дар самти баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ ва дигар масъалаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.
Мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳум ҷамъбаст гардид.