«Анвори андеша» муҳоҷирати меҳнатии бехатарро тарғиб кард

[:tj] 

Дар доираи ҳамкории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ мунтазам барномаҳои муштарак ташкил ва корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла рӯзи 13 сентябр радиои вилоятӣ барномаи навбатии мустақими маърифатии «Анвори андеша»-ро дар ҳаҷми ним соат ба мавзӯи муҳоҷирати бехатар бахшид.

Тариқи саволу ҷавоб баранда Осими Оқил ва мутахассиси пешбари Раёсат Рустамҷон Ҷамолов мавзӯи мазкурро баррасӣ намуданд. Барои онҳое, ки бори аввал ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва умуман барои муҳоҷирони меҳнатӣ, пеш аз ҳама, иҷрои ҳатмии кадом талаботҳо ҳатмист?, Солҳои охир чаро муносибати муҳоҷирони меҳнатӣ ба забономӯзӣ дигар шудааст?, Дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқҳояшон муҳоҷирони меҳнатӣ ба кӣ ва куҷо бояд муроҷиат кунанд?, Муҳлати амали патент дар Федератсияи Русия чӣ қадар аст?, Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандони мо чӣ манфиат ва чӣ зиён дорад? Ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 -2021 то кадом андоза ба пастшавии сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ таъсиррасон? Аз ҷумлаи саволҳои ҷавобгардонидашуда буданд.

Бо мақсади ҳарчи бештар иттилоъ додан ба шунавандагон таҳти рубрикаи «Маслиҳати мо ба муҳоҷирони меҳнатӣ» аз ҷониби Рустамҷон Ҷамолов иловатан қоидаҳои асосии муҳоҷирати бехатар ба таври фишурда фаҳмонида шуд. Ҳамзамон суроға ва рақами телефонҳои хизматии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба онҳо пешниҳод гардид.

 

                                                                                     Мардон ҚУРБОНОВ

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо