Анҷоми сафари корӣ дар вилояти Хатлон

Тавре иттилоъ доред, аз 27 апрел то 1 майи соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо сокинон мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда, дар он муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россия дар хусуси барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва масъалаи буду боши онҳо дар ин кишвар шарҳ доданд.

Дар фарҷоми сафари корӣ 1 майи соли равон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сардори Хадамот аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуда, бо сокинони ноҳия вохӯриву суҳбатҳои муфид доир намуданд. Ҳамоиши мазкур дар бинои Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки 200 нафар сокинон сурат гирифт.

Дар он Сардори Хадамот Каримзода Тоҳир суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, ҳатман ба шуъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ ВКД ФР дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва буду боши худро дар Россия тамдид намоянд.

Худи ҳамон рӯз, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, дар бинои Ҳукумати ноҳия бо сокинони ноҳия вохӯрии судманд дар мавриди барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намуд.

Дар ҳамоиши мазкур, ки дар он муовини раиси ноҳия, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 400 нафар сокинони ноҳияи Хуросон ҳузур доштанд, Сардори Хадамот баромад намуда, муҳтавои фармони Президенти Россия дар хусуси барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва масъалаи буду боши онҳо дар кишвари қабулро ба самъи ҳозирин расониданд.

Гурӯҳи кории дигари Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳи ба ноҳияи Данғара сафари корӣ анҷом дода, бо сокинон вохӯриҳо доир намуданд. Вохӯрии нахустин дар Ҷамоати Лолазори Чорсада бо иштироки 230 нафар сокинон сурат гирифт. Сипас, гурӯҳи кори корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳиро дар деҳаи Хуррамзамини Ҷамоати Исмат Шариф, идома дода, бо аҳолии деҳа ва раисони деҳаҳову маҳаллаҳо мулоқот намуданд. Сипас, гурӯҳи котӣ ба бозор марказии ноҳияи Данғара рафта, ба сокинон масъалаи барасмиятдарори фаъолияти муҳоҷирони меҳнатиро фаҳмониданд.

Дар идомаи бурдани корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Балҷувон низ сафар карда, дар маркази ноҳия бо сокинон мулоқоту вохӯриҳои судманд дар мавриди барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намуданд.

Дар он намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти оташфишонӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи гражданӣ, маркази бемориҳои сил, ВМНО, раисони ҷамоату маҳалаҳо ва теъдоди зиёди шаҳрвандон иштирок доштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19» аз 18 апрели 2020, №274 ба таври худкор (автоматӣ) муҳлати амали бақайдгирии муҳоҷирон, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, барои истиқомат ва патенти меҳнатӣ дароз карда мешаванд.

Бинобар ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шӯъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва будубоши худро дар Россия тамдид намоянд.

Агар ҳамдиёрони мо буду боши худро дар Федератсияи Россия то 15 июни соли равон ба расмият надароранд, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешаванд.

Бо ҳамин сафари корӣ ситоди Хадамоти муҳоҷират таҳти сарварии Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир дар вилояти Хатлон хотима ёфт.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо