Арҷгузорӣ ба Парчам – эҳтироми арзишҳои миллӣ

[:tj]Ҳамасола 24 ноябр дар сар то сари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатии кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Чунки Парчами миллӣ нишоне аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик буда, яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон маҳсуб меёбад. Ин нукта, 22 ноябр дар маҷлиси тантанавӢ дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ қайд гардид.

Нахуст сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода кормандонро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, қайд намуданд, боиси фараҳмандист, ки ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рўзи Парчам дар мамлакат таҷлил мешавад.

Дар идома Т. Каримзода, инчунин, аз таърихи пайдоиши парчам ва эҳтирому гиромӢ доштани он сухан ронд. Мавсуф таъкид дошт, ки Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Ва мо ифтихор дорем, ки ин муваффақият тавассути Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст.

Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӢ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллат қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дошта, мардуми сарзаминро ба хотири амалӢ намудани мақсаду мароми некбинона даъват мекунад.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки яке аз дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардидани Парчами давлатӢ мебошад.

Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар он нишонаҳои Парчам, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӢ гардид.

12 майи соли 2007 «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар он тартиби афрохтани Парчам, ҷойгиркунии тасвири он пешбинӢ гардида, Парчам ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.

Аз 19 ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рўзҳои ид тағйирот ворид карда, 24 ноябр – Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рўзи ид қонунӢ гардонида шуд. Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӢ, ҳувияти миллӢ, ваҳдату ягонагӢ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Яъне, парчами давлатӢ барои мо як пораи матои оддӢ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӢ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандўстиву ватанпарастӢ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст.
Ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол парчами миллии мо имрўз дорои се ранг аст: сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӢ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӢ, сарбаландӢ, хуррамӢ ва абадият мебошад.
Парчами давлати Тоҷикистон чун дирафши ковиёнӢ барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас аст. Дар рўбарўи парчами давлати Тоҷикистон аз сарбози оддӢ то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш савганди садоқату вафодорӢ ёд мекунанд, – афзуд Т.Каримзода.

Сипас чанде аз кормандони дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират баромад карда оид ба мафҳуми Парчам сухан гуфтанд.

                                                                                       Анвар ЮСУПОВ

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо