[:tj]Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе тибқи нақша ҳар ҳафта машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои гуногун гузаронида мешавад. Машғулияти навбатӣ дар мавзӯи таҳлили моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин мавзӯъ мутахасиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Анисҷон Шоев баромад намуда, ба ҳозирин моҳияти моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки ба салоҳияти Хадамоти муҳоҷират тааллуқ дорад муфассал фаҳмонида ба саволҳои кормандон ҷавобҳои мушаххас дод.
Мақсад аз баргузории чунин машғулиятҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва ғани гардонидани ҷаҳонбинии хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Душанбе
[:]