Баланд бардоштани фарҳанги муошират

[:tj]Тибқи барқияи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллии ватандўстӣ, фарҳанги муошират, риояи либоси протоколӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ як вохўри судманд бо кормандони масъули Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират баргузор гардид.

Зимни вохўрӣ бо кормандони дастгоҳи Хадамот дар атрофи баланд бардоштани ҳисси миллии ватандўстӣ, фарҳанги муошират, риояи либоси протоколӣ ва ғайра сухан гуфта шуд.

Муаллими Донишкадаи Идоракунии давлатӣ назди Президенти ҶТ О. Нуриддинов мухтассар дар бораи «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҳангоми қабули қарор ва амалӣ намудани ваколатҳои худ хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки дар асоси мансубияти сиёсӣ, динӣ, ҷинсӣ, забонӣ, нажодӣ ва дигар сабабҳо ба шахсе хилофи қонунгузорӣ бартарият ва имтиёз диҳад.

Хизматчии давлатӣ бояд ба урфу одатҳои миллатҳо таҳаммулпазирӣ ва арҷгузорӣ намуда, хусусиятҳои фарҳангӣ ё дигар хусусиятҳои гурўҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро ба инобат гирифта, ба созиши байни миллатҳо мусоидат намояд. Инчунин, хизматчии давлатӣ бояд ба таври доимӣ ба такмили тахассуси касбии худ машғул шуда, донишҳои худро дар сатҳи мувофиқи барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ зарурӣ нигоҳ дорад, забони давлатиро донад. Фаъолияти касбии худро ҳамон тавр амалӣ намояд, ки ба қобилияти ў шубҳа пайдо нашавад, бовиҷдонона ва беғаразона кор карда, ба шаъну шараф ва обрўю эътибори хизматчии давлатӣ иснод наоварад.

Сипас дар назди ҳозирин  сардори Шуъбаи таҳлилӣ ва ташкилии Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ О. Азизова, баромад карда, оиди фарҳанги муошират ва баланд бардоштани ҳисси миллии ватандўстӣ сухан гуфтанд.

Чунин дарсҳои омўзиши кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират аз тарафи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ оянда низ баргузор хоҳад гардид.

Анвар Юсупов

                                        хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо