Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ вилояти Суғд бо мақсади танзими муҳоҷирати доҳилӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта сари вақт ба макони нави зист кӯчидани муҳоҷирон мунтазам дар байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад.
Аз ҷумла, тибқи нақшаи кори бахши Хадамот муҳоҷират ҳамин гуна мулоқот дар деҳаи Дар-Дари ҷамоати деҳоти Дар-Дар доир намуд. Ҷойи баргузории чорабинӣ масҷиди деҳа буд. Пеш аз оғози намози пешин мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев дар назди намозгузорон суханронӣ намуда, барои ҳарчӣ зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар ноҳияҳои Зафаробод ва Хуросон ташвиқ намуд. Ҳамчунин, аз онҳо даъват ба амал овард, ки қарзҳои имтиёзноки муҳлаташон ба охиррасидаро баргардонанд.
Пеш аз ҷамбасти вохӯрӣ байни мудири бахш ва муҳоҷирони доҳилӣ саволу ҷавоб ва суҳбати озод доир шуд. Муҳоҷирон дархостҳои худро вобаста ба ташкили инфрасохтори зарурӣ дар ноҳияҳои Зафаробод ва Хуросон баён намуданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ ташкили чунин мулоқотро дар дигар ҷамоатҳо низ ба нақша гирифтааст.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират