Баргузории ҷаласаи кории сарпарастони муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ


27 майи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи кории сарпарастони муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо иштироки вазирон, раисони кумитаву агентиҳо, вакилони парлумон, раисони бонкҳои марказӣ ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 дар робита ба ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ироа гардида буд, баргузор гардид.

Дар ҷаласа, гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ вобаста ба вазъи кунунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар робита ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП-52 шунида шуд.

Дар гузориш қайд гардид, ки бо дастгирии бевоситаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ислоҳоти ҷиддӣ оғоз гардида, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои мушаххас қабул ва татбиқ шуда истодаанд, ки барои беҳтар намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва баланд бардоштани сифати таҳсилот равона карда шудаанд.

Аз ин рӯ, барои ислоҳоти ҷиддӣ, азнавсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дар зарфи ду соли оянда ҳаллу фасл намудани мушкилоти ҷойдошта, бо Амри Президенти муҳтарами кишварамон сарпарастон аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ гардид.

Айни ҳол дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 1 коллеҷ фаъолият менамоянд.

Аз инҳо 11 муассисаи таълимӣ дар шаҳри Душанбе, 18 муассисаи таълимӣ дар вилояти Хатлон, 22 муассисаи таълимӣ дар вилояти Суғд, 2 муассисаи таълимӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 10 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгир мебошанд.

Дар рафти ҷаласа, вобаста ба масъалаи баррасишуда сарпарастон фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта таклифҳо пешниҳод намуданд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои ироагардида, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП-52 сарпарастон, муваззаф гардиданд, ки вазифаҳои додашударо сари вақт анҷом дода, ҳар семоҳа оид ба корҳои баанҷомрасонидашуда унвонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо