Баргузории ҷаласаи Ситоди корӣ ва баррасии масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат

14 майи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ширин Амонзода баргузор гардид.

Масъалаи сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ омили мусоидаткунанда ба сатҳи зиндагии аҳолӣ буда, зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Вазорат ҳамчун мақоми ваколатдор дар ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар самти идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат ҷиҳати назорати пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони муассисаву ташкилотҳо пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Аснои ҷаласа зикр шуд, ки айни замон бо вуҷуди зери назорати қатъӣ қарор доштани фаъолияти ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъ дар самти бартарафсозии қарздории музди меҳнат ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Доир ба ин масъала гузориши сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Муродзода Д. шунида шуда, намояндагони вазорату идораҳо, муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо – раисони ситодҳои доимоамалкунанда оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат, инчунин роҳбарони корхонаву ташкилотҳое, ки аз пардохти музди меҳнат қарздоранд, аз натиҷаи фаъолият ва дар бораи сабабҳо ва чораҳои андешидашуда дар самти пешгирӣ аз пайдоиш ва пардохти қарз аз музди меҳнати кормандон ҳисобот доданд.

Бо муайян гардидани сабабҳои пайдоиши қарз аз музди меҳнати кормандон аз ҷониби раиси ҷаласа ба масъулин бо назардошти хусусиятҳои корхонаҳои қарздор тавсия ва дастуру супоришҳо дода шуд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки таҳияи ҷадвали моҳ ба моҳ пардохт намудани қарздории музди меҳнат то пурра ҳисобӣ намудани он, фурӯши маҳсулоти мавҷуда, ҷамъоварии ҳаққи хизматрасониҳои ташкилот, ба музояда гузоштани дороиҳои корхона, худдорӣ аз хароҷоти дуюмдараҷа ва ғайраҳо, ки аз ҷумлаи роҳҳои ҳалли масъала маҳсуб меёбанд.

Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар кори ситод иштирок намуда, омодагии худро дар тақвияти фаъолият ва ҳалли мушкилоти мавҷуда иброз намуданд.

Дар хотима бо назардошти баррасии масъала ва таҳкими фаъолият ҷиҳати пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо