Баргузории ҷаласаи ҳайати мушовара

29 майи соли равон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои зерин муҳокима гардид:

– Мониторинги сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
– Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №439 “Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023” дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода;
– Натиҷаҳои таҳлили фаъолияти хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Панҷакент, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда ва мушкилоти ҷойдоштаи соҳавӣ гузориши директори Маркази таълимии методӣ ва мониторинги сифати таълим Абдуқодир Мӯсоев, сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ Қурбонов Ниёз ва муовини сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ Фирӯза Ҳабибӣ шунида шуд.

Раиси Ҳайати мушовара – Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода вобаста ба масъалаи якум қайд намуд, ки шурӯъ намудани кор аз боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон ин таҳкурсӣ ва қадами устувор барои оғози ислоҳоти ҷиддии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ хоҳад буд, ки ин нукта аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 январи соли 2021 маншаъ мегирад.

Ҳамзамон, раисикунанда диққати ҳозиринро ба масъалаҳои дигари муҳокимашаванда, ки аз муҳимтарин аркони соҳаи меҳнат, бозори меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд ҷалб намуда, таъкид кард, ки асоси танзими бозори меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ ин таҳкими низоми фаъолияти соҳаҳои марбута ва ҳамоҳангсозии он мебошад, ки аз масъулин тақвияти амиқу ҷиддиро талаб менамояд.

Инчунин, дар муҳокимаи масъалаҳо аъзои ҳайати мушовара, муовинони раисони шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ иштирок намуданд. Ҷиҳати пешбурди кор ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта раиси Ҳайати мушовара ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд ва барои пешбурди фаъолият қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо