Баррасии масоили вобаста ба муҳоҷирати экологӣ дар Ашт

[:tj]Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 3 май ҷаласаи Комиссияи байни идоравии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир гардид. Бо мақсади санҷидани рафти иҷрои супоришу вазифагузориҳои раиси Комиссия – муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва ислоҳи камбудию норасоиҳои мавҷуда имрўзҳо гурўҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо корбарӣ карда истодаанд.

Аз ҷумла гурўҳи корӣ дар ҳайати сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Давлатов, ҳуқуқшиноси Хадамоти муҳоҷират Хуршед Ятимзода ва мудири шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Ҳусейнҷон Зоидов ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Чуноне санҷиш нишон дод, тибқи нақшаҳои кўчонидани аҳолӣ,  ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, дар ноҳияи мазкур  соли 2016 ба ҷойҳои бехавф кўчонидани 6 оила, соли 2017 3 оила ва соли равон 4 оилаи муҳоҷирони экологӣ ба нақша гирифта шудааст.

Вобаста ба натиҷаҳои санҷиши гузаронидашуда мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Нодира Назарова чунин иттилоъ дод:

– Хушбахтона, оид ба таъмин намудани муҳоҷирони экологӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ қарорҳои раиси ноҳия сари вақт ба имзо расиданд ва онҳо баъди гирифтани сертификат оид ба ҳуқуқи истифодабарии замин ба бунёди манзил оғоз карданд. Қитъаҳои замини наздиҳавлигии ҷудогардида аз минтақаҳои бехавф мебошанд. Муҳоҷирони экологӣ ҳамзамон аз қарзи имтиёзнок ва дигар имтиёзҳо бархурдор шуданд.

Ҳамин дастгириҳо боис шуд, ки аз ҷумлаи онҳо як оила сохтмони манзили худро пурра ба итмом расонида, дар он зиндагӣ карда истодааст. Оилаҳои дигар низ дар асоси қарори ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии МИҲД-и вилоят ва тавсияи гурўҳи корӣ вазифадор шуданд, ки корҳои сохтмониро то охири нимсолаи аввали соли равон пурра ба итмом расонанд.

Аъзои гурўҳ бевосита аз мавзеъҳои барои муҳоҷирони экологӣ ҷудогардида дидан намуда, зимни суҳбат бо онҳо масоли ҳалталаби ҷойдоштаро баррасӣ карданд. Ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар идораю ташкилотҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони экологӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

 

                                                                                    Мардон Қурбонов[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо