БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ДОҒИ РӮЗ

[:tj]Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар ташкил ва гузаронидани мулоқот бо аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва роҳандозии ташвиқоту тарғибот таҷрибаи фаровон дошта, ҳам дар асоси нақшаи кори худ ва ҳам нақшаи чорабиниҳои муштараки раёсатҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шӯрои уламои дини вилоят дар ҷамоатҳои деҳот мунтазам чунин чорабиниҳоро доир намуда истодааст.

Чорабинии иттилоотӣ – маърифатие, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтан, толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо ибтикори Шӯрои ҷамъиятии шуъбаи ВКД ҶТ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич доир гардид, ба чандин масъалаи доғи рӯз, аз ҷумла муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, шомилшавии шаҳрвандон (муҳоҷирони меҳнатӣ) ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамраҳбоӣ, истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, амалҳои коррупсионӣ бахшида шуд. Падидаи ҷолиб иштирок намудани сарбозону афсарони қисми низомии дар деҳаи Хуштоири Мухлонмустақар дар ин мулоқот маҳсуб мешавад. Ҳамагӣ дар он 177 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.

Ба ҳайси намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа З. Иброҳимова ва мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Л. Файзиева суханронӣ намуданд. Аҳли толор ҳамчунин маърӯзаҳои муовинони сардори шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич А. Абдуллоев ва А. Абдулов, мудири бахши тафтишотии шуъбаи мазкур А. Рауфов, нозири минтақавӣ Ф. Ҳусензода, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия С. Баҳодуроваро шуниданд.

Ҳамаи маърӯзачиён дар симои аҳли толор аҳли ҷомеаро ба муттаҳидӣ дар атрофии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ, расидан ба қадри тинҷию амонӣ ва серию фаровонӣ, ривоҷи бунёдкорию созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар ободу зебогардонидани Ватан даъват намуданд.

 

                                                                         Бахши Хадамоти муҳоҷитрат

                                                                                          дар ноҳияи Деваштич

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо