Баррасии масъалаҳои муҳим

[:tj]Дар радифи дигар шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Конибодом низ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотӣ дар меҳвари фаъолияти бахши Хадамоти муҳоҷират қарор дорад. Ташаббускори ташкил ва гузаронидани семинар машварат дар литсейи касбӣ-техникии шаҳр Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» буданд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 80 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, омўзгорону донишҷўёни муассиса иштирок намуданд.

Зимни суханрониҳо асосан мавзўъҳои муҳоҷирати бехатар, муқовимат бо эктремизм ва терроризм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО, чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, моҳияти Созишномаҳои байни ҳукуматии миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд.

Дар назди аҳли толор намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» Ш. Собирова, сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Р. Раҳимов, намояндаи «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд Н. Ҳусейнова сухаронӣ намуда, ба саволҳои онҳо посух доданд.

 

                                                                        Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                               дар шаҳри Конибодом

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо