[:tj]Дар радифи дигар бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Ваҳдат низ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотӣ дар меҳвари фаъолияти бахши Хадамоти муҳоҷират қарор дорад.
Ташаббускори ташкил ва гузаронидани семинар машварат дар литсейи касбӣ-техникии №45 шаҳр бахши Хадамоти муҳоҷират ва ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» буданд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 80 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, омўзгорону донишҷўёни муассиса иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо асосан мавзўъҳои муҳоҷирати бехатар, муқовимат бо эктремизм ва терроризм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО ва дигар масъалаҳои мубрами рўз баррасӣ шуданд.
Дар назди аҳли толор мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Ҳикматулло Аминов ва намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» Аҳмад Исоев сухаронӣ намуда, ба саволҳои онҳо посух доданд.
Анвар Юсупов
[:]