[:tj]МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дар гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотӣ саҳм мегузоранд. Чунин як чорабинии навбатӣ дар Муассисаи таълимии шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 80 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, омўзгорону хонандагон мулоқоти судманд баргузор гардид.
Зимни суханрониҳо асосан мавзўъҳои муҳоҷирати бехатар, муқовимат бо эктремизм ва терроризм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО, моҳияти Созишномаҳои байни ҳукуматии миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ибрози назар намуданд ва аз муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони бе касбу бешуғл даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳо дар курсҳои омўзишии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ касбу ҳунар омўзанд.
Дар назди аҳли толор намояндагони Марказ М.Бақоев, М.Раҷабов ва Д.Назаров сухаронӣ намуда, ба саволҳои онҳо посух доданд.
Анвар Юсупов
[:]