Баррасии одоби хизматчии давлатӣ

[:tj]Чанде пеш дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе  ҷамъомад бахшида ба риояи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ баргузор гардид.

Дар назди ҳозирин мутахассиси пешбари Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Азимов баромад намуда, қайд намуданд, ки Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъиятро нисбат ба хизматчии давлатӣ танзим менамояд, дарбар мегирад.

Яъне риояи ҳар як талаботе, ки дар муҳтавои ин санади меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ гардидааст, барои хизматчии давлатӣ ҳатмӣ мебошад. Зеро кодекси мазкур ифодагари масъулияту маърифати баланди ҳар як хизматчии давлатӣ буда, дар фаҳмишу дарки дурусти масоили сиёсию иҷтимоӣ, нақши муассир дорад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Комиссияи одоби хизматчии давлатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои ҳар сол таҳияшаванда фаъолияташро ба роҳ монда, вобаста ба риояи ҳатмии муқаррароти кодекси мазкур раванди фаъолияти кории кормандонро мунтазам таҳти назорат қарор медиҳад.

Инчунин қайд гардид, ки ҷамъомади имрўза низ тибқи нақшаи таҳиягардида баргузор шуда, риояи муқаррароти Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ назорат карда мешавад.

Дар аснои ҷамъомад чанде аз кормандони Раёсат доир ба масъалаи мазкур ибрози назар намуданд.

 

                                                                                          Анвар ЮСУПОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо