[:tj]Қаҳрамонони набарди асри бист,
Мондаанд дар зиндагӣ ангиштшумор.
Корнамоӣ баҳри миллат сарнавишт,
Қаҳрамонанд дар набарди корзор.
Баҳри ҳифзи мулки хеш бархостанд,
Решаю пайки адуро костанд.
Душмани ғаддори мо саркўб шуд,
Ҳифз аз ин кишвари маҳбуб шуд…
Лек ҳазорон дар набард қурбон шуданд,
Бе тану бе пайкару бе ҷон шуданд.
Модарону тифлакон бо чашми чор,
Дар раҳи бозгашташон пазмон шуданд.
Номашон бо ҳарфи зар бинвишта шуд,
Корнамоӣ монда асрҳо ҷовидон.
Баҳри ҳар як фарди бономусу нанг,
Ҷовидонанд дар масири тоҷикон.
Сулҳу Ваҳдат дар ватан пойдор бод,
Ҳам дарахти сулҳи мо пурбор бод.
Тоҷикистони чу модар меҳрубон,
Кишвари сарсабзу ҳам гулзор бод.
Элмуроди Турсун
(Бесабр)[:]