[:tj]
9 декабр бо ташаббуси Ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷир»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 26 – солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст Раиси Ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷир» ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ҳамоишро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 – уми декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил ёфта, он ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандони тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст.
Сипас намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад Паёми шодбошии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 26-солагии таъсисёбии ҳизбро ба ҳозирин ироа намуд.
Иқтибос аз Паёми шодбошӣ: «Бовар дорам, ки ҳар як шаҳрванди ватандӯсти ин сарзамин, бахусус, ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин ҳадафу ормонҳои ба фардои неки давлат ва халқамон нигаронидашуда дар оянда низ пешсаф хоҳад буд.
Бори дигар ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ифтихори 26 –умин солгарди таъсисёбии ин ҳизби мардумӣ самимона табрик гуфта, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи он азму нерӯи тоза ва комёбиву муваффақият орзу менамоям.
Муваффақу сарбаланд бошед, ҳамсафони гиромӣ!”
Зикр гардид, ки маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибмаърифат, соҳибфарҳанг ва ташаббускор мешиносанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор фаъолони ҳизб бо «Ифтихорнома»-и Хадамоти муҳоҷират ва «Сипоснома»-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардиданд.
Анвар ЮСУПОВ
[:]