Баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ

[:ru] 

 [:tj] 

Дар асоси барқияномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.12.2018, №17.12/1013 ва нақшаи кори раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 10-11 декабри соли равон 53 нафар кормандони дастгоҳи раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо бо баҳогузорӣ фаро гирифта шуданд. Комиссияи санҷишӣ иборат аз 3 нафар – сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ, муовини сардори раёсат Ҷамшедхон Сайфуллозода ва сармутахассис оид ба кадр Биҳафиза Домуллоҷонова бо роҳи саволу ҷавоб дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандонро ба пуррагӣ санҷид.

Дар рафти баҳогузории фаъолияти мутахассисон, мутахассисони пешбар ва сармутахассисон сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор бевосита ҳамчун аъзои Комиссияи санҷишӣ иштирок карданд.

Саволҳо барои гузаронидани баҳогузорӣ вобаста ба донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи муҳоҷират аз рӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддасоти миллӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ», «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забонӣ давлатӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд ва намунаи варақаи он», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби амалӣ намудани назорати муҳоҷират», «Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба тасдиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар», «Дар бораи ба қайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа», «Дар бораи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд». Кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи одоби хизмати давлатӣ ва ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ, тартиби кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф ва аз ноҳияҳои камзамини кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида ва дастурамали мансабии хизматчии давлатӣ таҳияшуда буданд.

Комиссияи санҷишӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти солонаашон ва бо роҳи суҳбату саволуҷавоб ба донишу малакаи ҳар нафар корманд баҳои воқеӣ дод. Ҳамзамон ҷиҳати такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо вазифагузорӣ намуд.

Қарор шуд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандон тавассути ташкили курсҳои сайёри такмили ихтисос, машғулиятҳои омӯзишӣ, семинару мизҳои мудаввар ва санҷишҳо минбаъд низ чораҳои амалӣ андешида шавад.

Гурӯҳи корӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона намуд, ки баҳодиҳӣ аз рӯи талаботи «Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷараён гирад. Ҳамзамон ҷиҳати баҳои холисона ва воқеӣ додан ба фаъолияти ҳар нафар хизматчии давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои баҳогузорӣ ба 33 нафар хизматчёни давлатӣ баҳои «5», ба 20 нафар баҳои «4» гузошта шуд. Баҳогузорӣ нишон дод, ки дар қиёс бо соли гузашта соли равон сатҳи дониш ва сифати касбии кормандон хеле боло рафтааст, ки натиҷаи худомӯзӣ ва иштирокашон дар курси сайёри такмили ихтисос, семинару мизҳои мудаввар ва машғулиятҳои омӯзишии дохили идоравӣ мебошад.

Натиҷаҳои баҳогузорӣ бо иштироки кули кормандон 17 декабри соли равон дар машварати корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

                                                             Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо