Баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчиёни давлатӣ

[:tj]Дар асоси Барқияномаи фаврии Сардори Хадамоти муҳоҷират №17.12/933 аз 12.12.2018 санаҳои 17-18 декабри соли равон 54 нафар хизматчиёни давлатӣ – кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо бо баҳогузорӣ фаро гирифта шуданд. Комиссияи санҷишӣ иборат 6 нафар – Сардори Раёсат З. Шарифӣ, муовини Сардори Раёсат Ҷ. Сайфуллозода, мудири бахши молия ва хоҷагӣ С. Собиров, мудири бахши шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Зоидов Ҳ., мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Ф. Самадов ва котиби матбуотии Раёсат М. Қурбонов бо роҳи саволу ҷавоб дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандонро ба пуррагӣ санҷид.

Саволҳо барои гузаронидани баҳогузорӣ вобаста ба донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи муҳоҷират аз рўи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддасоти миллӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ», «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забонӣ давлатӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд ва намунаи варақаи он», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби амалӣ намудани назорати муҳоҷират», «Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба тасдиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар», «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа», «Дар бораи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд». Кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи одоби хизмати давлатӣ ва ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буданд.

Комиссияи санҷишӣ бо назардошти фаъолияти солона, тариқи саволу ҷавоб ва суҳбат ба донишу малакаи ҳар нафар корманд баҳои воқеӣ дод. Ҳамзамон ҷиҳати такмили донишу малакаи касбии онҳо вазифагузорӣ намуд.

Барои аз рўи талаботи «Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардидани баҳогузорӣ ва баҳои холисона ва воқеӣ додан ба фаъолияти ҳар як нафар хизматчии давлатӣ чораҳои амалӣ андешида шуд.

Дар ҷаласаи кории назди сардори Раёсат 18 декабр хизматчиёни давлатӣ аз баҳои додашуда розӣ буданашонро иброз доштанд ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва баланд бардоштани малакаи корию дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии худ дастурҳои мушаххас  гирифтанд.

Дар назди аҳли толор сардорон ва мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Мастчоҳ, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки баҳодиҳии фаъолияти кормандон холисона ва шаффоф доир гардид.

 

                                                                              Мардон ҚУРБОНОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо