Баҳри иҷрои супоришҳои додашуда камар бастанд

[:tj] 

 

Аз 21 то 26-уми августи соли ҷорӣ 169 нафар, аз он ҷумла 22 нафар зан, 10 нафар ноболиғ шаҳрвандони ватанӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудаанд, муваққатан карантин шуда, дар истироҳатгоҳи бачагонаи «Барқчиён» бистарӣ гардида, онҳоро муддати кӯтоҳ нигоҳ дошта, баъди натиҷаи ташхиси табибон ба макони зисташон рухсат дода шуда, аз ин шумора 152 нафар зери назорат қарор доранд.

Тавре бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб иттилоъ дод, айни замон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия аз 9 маркази саломатии деҳотӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ ва 25 бунгоҳи тиббӣ иборат буда, шумораи иқтидори кадрии кормандони муассисаи мазкур табиб 52 нафар ва ҳамшира 224 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон вобаста ба гардиши хона ба хона аз ҷониби кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия бо мақсади дарёфт намудани беморон бо табъи баланд ва гумонбарони «Коронавирус» аз 21 то 25-уми августи соли равон дар 15617 ҳавлӣ бо фарогирии 117132 нафар сокинони ноҳия аз назорат гузаронида шуд.

Аз санаи дар боло зикр гардида 14 нафар бемор бо ташхиси  илтиҳоби роҳҳои нафас ба қайд гирифта шудааст, ки айни замон 22 нафар бемор таҳти назорати қатъии табибони оилавӣ қарор доранд.

Баҳри иҷрои банди 6-и Нақшаи чорабиниҳои бахш паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ вобаста ба бемории сироятии нави “Коронавирус” ва пешгирӣ аз он дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо масъулин ба сокинони ноҳия ба ҳолати 26-уми август ёддоштҳо оиди пешгирӣ аз ин беморӣ ба миқдори 18320 нусха дастрас гардида ва насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ идома дорад.

Инчунин, аз ҷониби масъулин муроҷиатномаҳо барои истифодаи самараноки қувваи барқ ба сокинони ноҳияи Варзоб ба миқдори 500 нусха дастрас гардонида шуд.

Тибқи талаботи барқияи ҳукуматӣ аз 3-юми августи соли 2020, № 24/10-30 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2020 ҷиҳати таъсис додани гуруҳҳои корӣ бо истифода аз шаклу усулҳои муосири корбарӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар ноҳия ва ба ҳар оила расонидани масъалаҳои сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва пешгирии паҳншавии бемории “Коронавирус”, омодагӣ ба мавсими зимистон, захираи дусолаи маводи ғизоӣ бо усули нигоҳдорӣ дар анбору зарфҳо чораҳои мушаххас андешида, супориши мазкур дар машварати кории назди раиси ноҳия мавриди масъалагузорӣ қарор дода шуда, зергурӯҳҳои корӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, аъзои Ситоди ноҳиявӣ бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ, ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави “Коронавирус” (COVID-19) дар ноҳия, комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ин самт вобаста гардидаанд, ки дар ҳамаи деҳаҳои ноҳия оид ба масъалаҳои болозикр гардиши хонагиро ба роҳ монанд.

Айни замон дар ноҳия аз ҳисоби кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ, роҳбарони зергурӯҳҳои корӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия гардиши хона ба хона ба роҳ монда шуда, оид ба захираи аҳолӣ барои ду соли оянда, пешгирии бемории сироятии нави “Коронавирус” ва истифодаи самараноки барқ таблиғоту ташвиқотро роҳандозӣ намуда, варақаҳои иттилоотиро паҳн намуда истодаанд.

Инчунин, сокинони ноҳия аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва боғдории худ самаранок истифода бурда, ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузорӣ чораандешӣ намудаанд.

Бахш Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти муҳоҷират чораҳои самарабахш меандешад.

 

                                                                           Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                          дар ноҳияи Варзоб[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо