Баҳри мустаҳкам намудани ҳамкорӣ  

[:tj] 

 

 

Бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар самти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷа ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо, 23 январ, дар толори Хадамоти муҳоҷират семинари машваратӣ бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидор, ки дар асоси иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷират ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа машғул мебошанд, баргузор гардид. Дар кори семинар роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ширкат варзиданд.

Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода баромад намуда, оиди фаъолияти субъектҳои хоҷагидор фикру ақидаҳои хешро баҳри боз ҳам мукаммалгардонии фаъолияти онҳо дарҷ гардонид. Зимни баромадаш аз натиҷаҳои фаъолияти баъзе аз субъектҳои хоҷагидор изҳори норозигӣ баён намуд. Қайд гардид, ки вақтҳои охир изҳори норозигии бештари аз шаҳрвандон, нисбати баъзе аз субъектҳои хоҷагидор зиёд гардида истодааст, ки онҳо зарари калони моддӣ ва ваъдаҳои хушку холӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ расонидаанд.

Дар умум, масъалаҳои мубрами рӯз ба таври васеъ мавриди баҳси ҳамагон қарор гирифт. Дар баробари ин Сардори Хадамот  ёдрас намуд, ки дар моддаи 8 -и сархатҳои 1, 2 ва 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» қайд карда шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ –  шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон танҳо ба он кишварҳое фиристода мешаванд, ки дар он ҷо ҳуқуқҳояшон ҳифз карда шаванд. Яъне мавҷуд  будани созишномаҳои дутарафаи давлатии ҷои кор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони  муҳоҷир дар хориҷа; Тартиби интиқоли  қувваи корӣ ба хориҷи кишвар танҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои иҷозатномаи  (литсензия) Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, анҷом дода мешавад.

Инчунин,  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои машғул шудан ба кори музднок ба хориҷа сафар мекунанд, бояд бо худ шартномаи (қарордоди меҳнатӣ) бо  корфармо  басташуда,  шиносномаи хориҷии  тибқи  тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохили ба расмият даровардашуда ва дар мавриди зарурӣ раводиди намояндагии дипломатӣ ё идораи консулгарии давлати ҷои кор додашударо дошта бошанд. Қайд кардан зарур аст, ки дар вақти мавҷуд набудани созишномаҳои дутарафаи давлатӣ ҷои кор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои худашон дар хориҷа, бояд тибқи тартиби муқарраргардида дар сафоратхона ё консулгарии ҶТ дар ҳамон давлат,  вобаста ба  маҳалли истиқомати муваққатӣ дар асоси пешниҳоди хаттии шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шавад. То ки сафоратхона ё консулгарии ҶТ аз аҳволи минбаъдаи он муҳоҷирон бархурдор бошад.

Ҳамзамон, Сардори Хадамот пешниҳод намуд, ки  барои беҳбудию пешрафт ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти субъектҳо дар ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта, хуб мешуд, ки дар назди Хадамоти муҳоҷират Шӯрои субъектҳои хоҷагидор, ки ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа машғуланд таъсис дода шавад, то ки Шӯро дар навбати худ метавонист, ҳам ҳуқуқҳои субъектҳои хоҷагидор ва ҳам фаъолияти меҳнатии онҳоро  ҳимоя ва танзим намояд.

Роҷеъ ба  масъалаи мазкур, муовини сардори Хадамот Шарипов Т.Ҳ., қайд намуд, ки солҳои охир бо мақсади батанзимдарории муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия дар қонунгузории ин кишвар нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ҳудуди ин давлат фаъолияти муваққатии меҳнатӣ менамоянд, як қатор талаботҳои нав ҷорӣ гардид. Дар ин радиф, барои роҳ надодан ба ин гуна омилҳо, роли субъектҳои хоҷагидор дар ин самт хело муҳим аст. Ташвиқу тарғиби муҳоҷирони меҳнатӣ барои омодагӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва омодагии пеш аз сафари онҳо яке аз масъалаҳои афзалиятноки танзими ин раванд буда, тақвияти бештари корро дар ин самт тақозо дорад. Аз ин лиҳоз, ба субъектҳои хоҷагидор зарур аст, ки дар ҳали ин масъала бояд диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Зимни баромади хеш қайд гардид, ки мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва банди 44 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 апрели соли 2007 №172 «Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират бо мақсади муташакилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар, айни замон ба  15 субъекти хоҷагидор иҷозатнома барои интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷи кишвар дода шудааст. Аз ҷумла: 3-то субъекти хоҷагидор дар вилояти Суғд, 11 субъекти хоҷагидор дар шаҳри Душанбе ва 1 субъекти хоҷагидор дар ноҳияи Рашт ҷойгир буда фаъолият доранд.

Қайд гардид, ки дар соли 2019 аз ҷониби  13 субъекти хоҷагидор  аз ҷумла: МД “Агентии бо кор таъминкунӣ”- 716 нафар, КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» -94 нафар; ТҶ “Маркази мусоидати ҳуқуқӣ” – 162 нафар; ҶДММ «Суғдиён-Помир Тур» – 32 нафар; ҶДММ «Мирзо ва К» – 591 нафар; ҶДММ “Олами саёҳат- 29 нафар; ҶДММ «Мадади муҳоҷир» – 150 нафар; Соҳибкори инфиродӣ “Джураев Дилшод” – 28 нафар; ҶДММ Маркази Байналхалқии кадрҳо “Имон”- 15 нафар; ҶДММ “Шариф Асри Нав” – 247 нафар; ҶДММ “Маркази захираҳои меҳнатӣ”-55 нафар; ҶДММ “Ҳамкори бо Аврупо”-9 нафар; ТҶ “Хизматрасонӣ”-25 нафар фаъолият ба роҳ монда шуда, 2153 нафар шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар бо ҷойи кор таъмин намуданд.

Сипас роҳбарони субъектҳои хоҷагидор суханронӣ намуда, пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият дошта, оид ба ҳалли мушкилотҳои дар самти омодасозиии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафар ба хориҷа манзур намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Сардори Хадамот ва роҳбарони субъектҳои интиқолдиҳанда қарор карда шуд, ки ҳар семоҳа маҷлиси субъектҳои хоҷагидор дар назди Хадамоти муҳоҷирати Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъват ва ҷалби намояндагони вазоратҳои дахлдор, диаспораҳои тоҷикон ташкил карда шавад.

                                                                        Аслишо Нодиршоев

                                                           сардори Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ

                                                                  ба хориҷаи Хадамоти муҳоҷират[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо