Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон!

[:tj]Маълумоте, ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ирсол гардид, омадааст, ки Консулгарии генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия дар ташвиш аст.

Консулгарии генералӣ маълумот медиҳад, ки тибқи қарори Шўрои Вазирони Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба вазъияти фавқулода ва бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсӣ дар минтақа ва дохилии кишвар, мақомотҳои қудратӣ амалиётҳои боздошт ва бозпас гардонидани шаҳрвандони хориҷиро пурзур намудаанд.

Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Туркия №6458 аз 03.04.2013 с. «Дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳимояи байналмилалии онҳо» мақомотҳои дахлдори кишвари иқомат дар назди Идораи амнияти фурудгоҳи байналмилалии «Ататурк»-и ш. Истамбул як гурўҳи махсус оид ба назорати рафтуомади шаҳрвандони хориҷӣ таъсис додаст.

Тибқи маълумотҳо дар натиҷаи чунин амалиётҳо дар моҳи августи соли 2017 беш аз 500 нафар шаҳрванди хориҷӣ (асосан ҷавонон) аз кишвар хориҷ шуданд.

Рўзи 1 сентябри соли равон Идораи амнияти фурудгоҳи байналмилалии «Ататурк»-и ш. Истамбул дар қатори дигар шаҳрвандони хориҷӣ 8 –нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, Артиков Меҳроҷ, Ҷамирзоев Муҳаммадалӣ, Ҷамирзоев Наимҷон, Ҷумъабердиев Гуванҷ, Шарипов Ҳайдар, Негматов Зайд, Оев Фаридун ва Баротов Нодирҷонро боздошт намуданд.

Худи ҳамон рўз кормандони Консулгарии генералӣ бо масъулони Идораи амнияти фурудгоҳи бйаналмилалии «Ататурк»-и ш. Истамбул ва шаҳрвандони дастгиршуда вохўрӣ карданд.

Маълум гардид, ки онҳобар асоси моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Туркия №6458 аз 04.04.2013 с. «Дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳимояи байналмилалии онҳо» боздошт шуданд.

Тибқи моддаи мазкур «шаҳрвандони хориҷие, ки бо худ ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии сабабнок ва имкониятҳои моддиву молӣ барои будубош дар кишварро надоранд, ворид гардидани онҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Туркия манъ буда, бозпас гардонида мешаванд».

Айни замон, шаҳрвандони тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии амнияти фурудгоҳи байналмилалии «Ататурки»-и ш.Истамбул қарор дошта, кормандони Консулгарии генералӣ бо онҳо дар тамос мебошанд.

Дар ҳамоҳангӣ бо масъулони Идораи амнияти фурудгоҳи байналмилалии «Ататурк»-и ш. Истамбул шаҳрвандони дастгиршуда рўзи 5 сентябри соли ҷорӣ тариқи хатсайри Истамбул-Душанбе бозпас фиристода шуд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло Хадамоти муҳоҷирати  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданист, ки зимни ворид ба ин кишвар талаботҳои мақомоти амниятии Ҷумҳурии Туркияро риоя намоянд:

  1. Донистани мақсади сафар:

(дар сурати надоштани иқомат, макони муваққатии зист, меҳмонхона, надонистани маҳалли зист, чиптаи бозгашт ва бо худ надоштани ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои сафар, шаҳрванди хориҷӣ бозпас гардонида мешавад).

  1. Бо худ доштани маблағи зарурӣ:

(мақомоти туркӣ дар асоси Қарори шаҳрдории ш. Истамбул аз шаҳрвандони хориҷӣ талаб менамоянд, ки барои як шабонарўз 50 доллари амрикоӣ дошта бошанд).

  1. Шахсони шубҳанок:

(шахсони шубҳанок, ки ба амнияти кишвар хатар доранд, бе ҳамоҳангӣ бо намояндагиҳои хориҷӣ бозпас гардонида мешаванд).

                                                    Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат,

                                                                  муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо