[:tj]
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки тибқи қарордоди Бонки миллии Тоҷикистон интиқоли маблағҳо аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии низомҳои пардохтии бонкҳои “Юнистрим” ва “Контакт” истифода баранд. Коди “Юнистрим” 12 рақама ва коди “Контакт” 9 рақама буда, ин низомҳо дар тамоми гушаву канори Федератсияи Россия филиал ва намояндагиҳои худро доранд.
Мизоҷон инчунин метавонанд, маблағҳои худро тариқи аз як корт ба корти дигар гузаронидан, яъне аз корти бонкҳои Россия ба корти бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСК “Комерсбонк Тоҷикистон”, ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”, ҶСП “Спитамент Бонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” дастрас намоянд.
Хадамоти муҳоҷират
[:]