Боздид аз маконҳои осебдида дар пайи офати табиӣ

31 майи соли ҷори Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, аз мавзеъҳои осебдида дар пайи офати табиӣ боздид намуданд.

Барои бартарафсозии хисороти воридгардида ва барқарорсозии иншооти ҷамъиятӣ кумак расонида, ҷиҳати азнавбарқароркунии роҳҳои автомобилгард ва поксозинамудани кӯчаҳо, майдонҳо ва дигар маконҳои маишӣ аз ифлосиҳо бо ҷалби кормандони бахши Хадамот дар шаҳри Кӯлоб ва мардикорон мусоидат намуданд.

Дар идомаи боздид, Каримзода Тоҳир дар нишасти ситоди шаҳри Кӯлоб, ки дар он Муовини раиси вилояти Хатлон Мирзозода Низом ва раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир ҳузур доштан иштирок намуда, доир ба бартарафсозӣ ва пешгиӣ аз офатҳои табиӣ суханронӣ намуданд ва оид ба кумакҳои расонида шуда маълумот пешниҳод намуданд.

  

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо