БОЗ ЯК МУЛОҚОТ ДАР ЧАШМАИ АРЗАНА

[:tj]Маскуншавии сокинон ба маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд дар солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ оғозёфта, дар замони соҳибистиқлолии Ватанамон ривоҷи тоза пайдо кард. Умуман, то имрӯз се навбат ниёзмандони манзил ва шароити манзилиашон вазнин дар маҳаллаи мазкур, ки дар доманаи кӯҳи Мевағул ҷойгир аст, бо қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ таъмин шудаанд. Бинобар ин, маҳаллаи мазкурро шартан сокинон ба се қисмат ҷудо намудаанд: Чашма -1, Чашма -2 ваЧашма -3.

Чорабинии навбатии маърифатӣ – иттилоотии доир намудаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд бори дигар сокинони ҳамин маҳалларо сарҷамъ сохт. Ин навбат ҳам мулоқот бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 доир гардид ва дар он ба ҳайси шахси расмӣ намояндагони шуъбаҳои маориф, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамзамон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок намуданд.

Баъд аз оғози расмии чорабинӣ дар назди аҳли толор – сокинони маҳаллаи Чашмаи Арзана, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоио илаи онҳо, фаъолон, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии МТМУ №25 намояндаи МИҲД-и шаҳр Ҳотам Маҳмудов, муовини авали сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Авазхон Азиззода ва сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова суханронӣ карданд. Маърӯзаи намояндаи МИҲД-и шаҳр Ҳотам Маҳмудов ба мавзӯи татбиқи Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020, маърӯзаи муовини авали сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Авазхон Азиззода ба масъалаи рафти татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти таъмини амнияту тартибот ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бахшида шуд. Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова диққати аҳли толорро ба мавзӯи мубориза бо экстремизму терроризм ва муҳоҷирати бехатар ҷалб намуд.

Дар интиҳои чорабинӣ байни маърӯзачиён ва иштирокчиён саволу ҷавоб ва суҳбати озод доир гардид.

                                                                      Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                               дар шаҳри Хуҷанд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо