[:tj]
20 августи соли равон чархболи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи соҳили дарёи Ванҷоб ба замин фаромад. Пешвои муаззами миллатро роҳбарони вилоят ва ноҳияи Ванҷ, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо нону намак ва бо доирабазми ванҷӣ самимона истиқбол намуданд. Баъди суҳбати кӯтоҳ бо мардум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рафти сохтмони иншоотҳо ба истиқболи 30 -солагии истиқлолияти кишвар, аз он ҷумла, бинои кӯдакистони сеошёна барои зиёда аз 200 нафар кӯдак, маҷмааи муассисаҳои хизматрасонӣ, иморати шуъбаи маориф ва дигар иншоотҳо,ки дар сафари кории пештараашон ба ноҳияи Ванҷ ба масъулин дастуру супориш дода буданд, мароқ зоҳир карданд.
Бо иштироки Пешвои миллат биноҳои маркази сеошёнаи савдо, ки аз ҷониби соҳибкор Орзу Лашкаров бо тарҳи меъмории нави зебо бунёд гаштааст, инчунин бинои комиссарияти ҳарбии ноҳия, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи мамлакат ва иморати баландошёнаи шуъбаи вазорати коҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки пояҳои муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ аз мармари сафеду оҳарии овазадори мавзеъҳои Водхуд ва Пои мазори водии Ванҷи боло ороиш ёфтаанд. Сипас дар чорбоғи шаҳраки Рохарв намояндагони ҳудуди шаш ҷамоати ноҳия суханронии пурмазмуни Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо диққат гӯш карданд.
Мавриди зикр аст, ки мардуми ноҳияи Ванҷ ба мисли ҳазорон нафар зодагони Бадахшон ҳар як сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Боми ҷаҳони тоҷик бесаброна интизорӣ мекашанд. Зеро, ки ҳар як боздиди Роҳбари олии кишвар ба шаҳру навоҳии вилоят ва аз он ҷумла ноҳияи Ванҷ дар китоби умри пур аз саодат ва нишоти мардуми шаҳр ва навоҳии вилоят ва раванди амалҳои ободкорӣ саҳифаҳои навини рангин мекушояд. Сокинони марказ ва деҳоти Ванҷ низ аз он изҳори қаноатмандӣ ва шодмонӣ менамояд, ки бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар инфрасохтори ноҳия дигаргуниҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия қариб 70 – иншоотҳо ва биноҳои гуногун сохта шуда, маркази ноҳия акнун бо дасгириҳои Президенти кишвар ба шаҳраки ободу зебо ва шукуфон табдил ёфтааст ва бунёдкориҳо бомаром идома дорад.
Аз он ҷумла ду сол қабл дар маркази ноҳия шаҳраки Рохарв бинои таълими калонсолони ноҳия бо ҳамаи шароитҳои дарсомӯзӣ азнавсозӣ гардид. Солҳост, ки дар муассисаи таълимӣ садҳо нафар ҷавонон касбу ҳунар омӯхта, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва дар хориҷи кишвар соҳиби ҷои кор мешавнд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Ванҷ
[:]