[:tj]10 апрел ҷиҳати баррасии мактуби раиси ноҳияи Айнӣ вобаста ба минтақаи бехавф кўчонидани оилаҳои аз офати табиӣ зарардида гурўҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳайати мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Ҳ. Зоидов ва мутахассиси пешбари ҳамин бахш Д. Муродов ба мавзеи Ҷангалаки Ҷамоати деҳоти Анзоб сафарбар шуданд. Ёдовар мешавем, ки бар асари боришҳои рўзҳои охир дар ин минтақа ба якчанд оилаҳо ва хоҷагии халқ зарари моддӣ расидааст. Намояндагони Раёсат дар ҳамҷоягӣ бо дигар ташкилоту идораҳо, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ корбарӣ менамоянд. Баъди омўзиш ва таҳлили ҳаматарафа оид ба кўчонидани зарардидагон ба минтақаҳои бехавф хулоса бароварда мешавад.
Мардон Қурбонов[:]