[:tj]Дар асоси нақшаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 25.10.2017 бо ташаббуси Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо филиали МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва Шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби сокинони маҳаллаҳои 1-Май, Ҷаббор Расулов, Содирхон Ҳофиз, Сари баланди ва омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии МТМУ №5 мулоқот доир гардид.
Мавзӯи асосии чорабинӣ рафти татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба эстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” буд. Ҳамчунин мавзӯи муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафар баррасӣ гардид.
Дар назди иштирокчиён сардори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд М. Саторова, директори филиали МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” дар вилояти Суғд З. Юсупова ва муовини сардори Шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Р. Шосулаймонов баромад карданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ дар байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб ва сӯҳбати озод доир шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Хуҷанд[:]