[:tj]Оғоз аз 7 феврали соли ҷорӣ гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иборат аз мутахассисони бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ба як қатор шаҳру ноҳияҳо сафари корӣ анҷом медиҳад. Дар навбати аввал гурӯҳ ба ноҳияи Зафаробод сафар мекунад.
Мақсад аз ташкили сафарҳои корӣ санҷиши рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2009, №530 “Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012” мебошад.
Мувофиқи қарори мазкур ба ноҳияи Зафаробод аз ноҳияҳои Айнӣ 600, Кӯҳистони Мастчоҳ 220 ва Ғончӣ 161 оила кӯчонида мешаванд.
Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]