[:tj]
Дар раванди танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, муайян намудани мушкилоту муаммоҳои ҷойдошта, дарёфти роҳи ҳал ва ислоҳ намудани онҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатии оммавии шаҳрвандон гузаронидани пурсиши афкор ҳам муҳим мебошад. Бо назардошти ин, ташкилоти тадқиқотии мустақили “М-Вектор Ресеч” дар доираи татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани некўаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон” дар миқёси шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодом пурсиши афкор гузаронид. Ба ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва марказҳои омўзишии касбӣ фаро гирифта шуданд.
Аз ҷумла, аз ҳисоби кормандони сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Рустам Ҷамолов дар ин пурсиш фаъолона ширкат варзид.
Дар пурсишнома саволҳо асосан вобаста ба фаъолияти нафари пурсидашаванда ва ташкилоти кормекардаи ў ва таърихи таъсисёбии он, сабабҳои муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ ба марказ ва нуқтаҳои маълумотдиҳии сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират, шумораи умумии шаҳрвандони муроҷиатнамуда ва натиҷаи баррасии муроҷиати онҳо, муаммою масъалаҳои ҳалталаби муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия муваққатан манъгардида, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, оқибатҳои бе омодагии пешакӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, дастгирӣ ва ғамхории давлату њукумат нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои хонаводаи онҳо буданд.
Рустам Ҷамолов ба ҳамаи саволҳои додашуда ҷавоб гардонида, ҳамзамон андешаҳояшро оид ба беҳтар намудани вазъият ва такмили низоми омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, чораҳои иловагӣ барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва дар умум танзими раванди мазкур баён намуд.
Ёдовар мешавем, ки номбурда мунтазам дар барномаҳои мустақими радиоӣ ва телевизионии воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, семинару мулоқот ва дигар чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ низ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғдро намояндагӣ мекунад.
Мардон ҚУРБОНОВ
[:]