[:tj]
Дар робита ба вазъи фарогирии пандемия ва дар ҳолати карантин қарор гирифтани ҳамватанон аз ҷониби намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон ва соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати расонидани маводи ғизоӣ ба ҳамватанони эҳтиёҷманд тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Кӯмакҳои хайриявӣ дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия дар мадди аввал ба муҳоҷир занон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатие, ки бо фарзандони хурдсолашон бинобар сабаби вазъи карантинӣ муваққатан бидуни шуғл ва таъминоти моддӣ мондаанд, расонида мешавад.
Дар доираи чунин тадбирҳо 18 майи соли равон Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҷурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо дастгирии соҳибкори тоҷик Наимов Фирдавс ба 26 оилаи муҳоҷири ниёзманд, ки дар шаҳри Москва ва ноҳияҳои атрофи он иқомат доранд, бо тартиби «Хона ба хона» маводи ғизоӣ тақсим карда шуд. Ҳамчунин худи ҳамон рӯз кормандони Намояндагӣ ба 28 нафар донишҷӯи тоҷик, ки дар Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г.В.Плеханов таҳсил менамоянд, миқдори муайяни маводи хӯрока расониданд.
Боиси ифтихору хушнудист, ки фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанон ва шахсони ватандӯсту саховатманд ба даъвати намояндагиҳои расмӣ оид ба анҷоми корҳои хайру савоб ҳам райъӣ зоҳир намуда, ба ҳамватанони муваққатан ба дастгирии моддӣ эҳтиёҷдошта, кӯмак мерасонанд.
Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ ба даҳҳо муҳоҷирзанони тоҷике, ки дар шаҳрҳои Балашиха, Домодедово, Люблино ва Калуга будубош доранд, маводи озуқаворӣ расонида шуд.
Расонидани чунин кӯмакҳо дар минтақаҳои дигари Россия низ ҷараён доранд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират
[:]