[:tj]
Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо кормандони КИ ҲХДТ, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва волонтёрони бахши Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳия бо мақсади тақвият бахшидан ҷиҳати тадбирҳои иловагӣ оиди пешгирӣ аз сироятёбии бемории “коронавирус” (COVID-19) дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҳамарўза корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, бо усулҳои “Хона ба хона”, “Рў ба рў” миёни сокинони ноҳия бо дастрас намудани ёддоштҳо бо теъдоди 2150 нусха ва насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои таблиғотӣ бо суръат идома дорад.
Зимни вохўриҳо оид ба пешгирии бемории сироятӣ, беҳдошти ҳолати санитарию гигиенӣ, риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозагию ободонӣ, рангубор намудани хонаву кўчаҳо, таъмири роҳҳои кўчаву маҳаллаҳо, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва амсоли ин мавзўъҳои набзи ҷомеа бо сокинон суҳбатҳо ороста шуд.
Дар вохўриҳо оид ба сироятёбии сокинони сайёра, торафт доман паҳн кардани бемории COVID — 19 ва хатари он ба инсон ёдовар шуда, таъкид гардид, ки бо мақсади пешгирии ин беморӣ ҳар як оиларо зарур аст, ки маводи безараргардониро дар шароити хона дошта бошанд ва ҳамарўза аз он истифода намоянд. Гуфта шуд, ки сокинони ноҳия бояд тавсияҳои табибонро ҳамаҷониба риоя намоянд ва ҳолати санитарию эпидемиологии хона, кўча ва маҳалларо дар ҳамкорӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия безарар гардонанд.
Аз сокинони ин ноҳияи хушманзар тақозо шуд, ки ҳатман таҷҳизоти истифодаи умумро сари вақт безарар гардонанд ва дар иҷрои ин амал ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.
Зикр шуд, ки дар ноҳияи Варзоб бо иштироки кормандони марказҳои профилактикӣ, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳо бо истифода аз техникаҳо кўчаҳо, маҳаллаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва роҳҳои мошингарду пиёдагард бо маҳлулҳои «Алмадез», гипохлориди натрий ва хокаи хлор безарар гардонида шуда, дар байни аҳолӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзур карда шудааст.
Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қарор дорад.
Олимзода Орифҷон Олим
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб
[:]