Бо ҷои кор таъмин шудани муҳоҷирони меҳнатии навбатӣ

[:tj] 

Баъди мувофиқа намудани рӯйхати онҳо бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мирзо ва К» 18 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ (12 нафар мард ва 6 нафар зан)-ро ба Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудан сафарбар кард.

– Дар нигоҳи аввал, – гуфт вобаста ба ин мавзӯъ роҳбари гурӯҳ Анварҷон Абдумӯминов, – кор дар соҳаи кишоварзӣ мавсимӣ мебошад.- Аммо дар асл дар соҳаи мазкур низ дар ҳама фасли сол барои машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ имконият мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар вилояти Дмитрови вилояти Москва ҳоло маъракаи ғунучини ҳосили зироатҳо оғоз ёфтааст, ки то фаро расидани мавсими хунукӣ идома меёбад. Дар фасли зимистон ба навъҳо ҷудо намудану аз коркарди аввалия гузаронидан, ба фурӯш баровардани ҳосили бадастомада ва тайёрӣ ба мавсими нави киштукор ниёзмандӣ ба нерӯи кориро ба миён меорад.

Бо назардошти ин, муҳоҷирони меҳнатии сафарбарнамудаи ширкати мо ба ҷои кори таъин рафтанд. Тибқи шартнома ҶДММ «Мирзо ва К» хароҷоти сафар, расмикунонии ҳуҷҷатҳо ва дигар амалиётҳои расмии вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии бехатарро ба зиммаи худ гирифтааст. Муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷои кору зиндагӣ, корҷомаву хӯроки гарм ва маоши хуб таъмин мешаванд ва намояндаи ширкат ҳамеша ҳамроҳашон қарор дошта, аз ҳолу аҳволашон бохабар шуда меистад.

Бояд гуфт, ки эътимоди муҳоҷирони меҳнатӣ сол то сол ба ширкати мо меафзояд. Давоми солҳои фаъолият ҶДММ «Мирзо ва К» даҳҳо гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ – сокинони ноҳияҳои аграрии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафарободу Мастчоҳро ба вилоятҳои Волгограду Москваи Федератсияи Русия сафарбар карда, ҳамаи вазифаю уҳдадории ба зима гирифтаашро иҷро намудааст ва ҳамин омил сабаби қаноатмандии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Муҳлати муҳоҷирати меҳнатии сафарбаршудагони навбатӣ дар шартномаҳои меҳнатии басташуда 11 моҳ нишон дода шудааст. Ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи Спитамен ҳастанд ва дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи зиёд доранд.

 

                                                                 Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                      дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо