[:tj]
Кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе» – и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе имрӯзҳо корҳои итиллоотӣ ва фаҳмондадиҳиро бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути тайёра самти кишвари Россия доранд, дучанд намуда истодаанд.
Шуъба фаъолияти худро мутобиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Нақшаи кории Хадамоти муҳоҷират ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба роҳ мондааст.
Кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон рафту омади шаҳрвандонро дар фурудгоҳ мунтазам дар хатсайрҳо зимни ба сафар рафтан ва аз сафар баргаштанашон бо мусофирон вохўриҳо намуда, дар масоили муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда оид ба камбудиҳо ва проблемаҳои ҷойдошта нисбат ба қонунгузории нави Федератсияи Россия барои гирифтани патент, донистани забони русӣ ва касбу ихтисос буклетҳо тақдим менамоянд. Дар ҷараёни вохўриҳо ва пурсишҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба доштани касбу ихтисос, забондонии онҳо, бемории касалии сироятии ВНМО ва ворид гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ таваҷҷўҳ зоҳир мекунанд. Барои кўмак ва ёрии амалӣ расонидан ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳ буклетҳо, овезаҳо ба тағйиру иловаҳо оид ба қонунгузории Федератсияи Россия маълумотҳо пешкаш карда ва инчунин телефонҳои боварӣ шабонарўзӣ фаъолият менамояд.
Айни замон ин корњо дар ин самт идома дорад
Беҳрўз Каримов
мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе
[:]