Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғибот

Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғибот яке аз самтҳои асосии фаъолияти Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар ин самт марказ ҳамкориро бо шуъбаю бахшҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, кумитаҳои маҳаллаҳо, ҷамоатҳо ва фаъолони ҷомеа хуб ба роҳ мондааст.

Чуноне мо огаҳ карда будем, мутобики фармони Президенти Федератсияи Россия оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламравӣ Федератсияи Россия қорор доранд, тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Мувофиқи тағйироти мазкур баруйхатгирии муҳоҷирон то 30 июни соли 2021 идома дошта, аз тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ талаб карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои худро барасмият дароранд ва қонуни фаъолият намоянд.

Тавре аз МД “Марказҳои машавратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирпони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, чорабиниҳо вобаста ба иттилоотонидани аҳли ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифатии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷиҳати пешгирии падидаю ҳодисаҳои номатлуб тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби Марказ 31 вохӯрию мулоқотҳо гузаронида шуд.

Аз ҷумла, якҷоя бо бахши Хадамоти муҳоҷирати дар шаҳри Хуҷанд вохӯриҳо оиди сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мулоқотҳо барпо намуда, дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ тақсимоти маводҳои ташвиқотию тарғиботиро низ ба роҳ монда шуд.

Зимни суханрониҳои кормандони Марказ ҳозиринро аз хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм бохабар сохта, муҳоҷирони меҳнатиро таъкид намуданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, наафтодан ба доми фиребу найранги бадхоҳону душманони миллат ва напайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморанд.

Шумораи иштироккунандагон дар ин чорабиниҳо 2202 нафарро ташкил дода, барои онҳо дастуру ёддоштҳо ва буклетҳои марказ бо теъдоди 2295 адад тақдим карда шуд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо