Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Россия мулоқот намуд

[:tj] 

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рамазон Раҳимзода  бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон  дар шаҳру вилоятҳои  Федератсияи Россия мулоқот намуд. Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ  иштирокдоронро  бо 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»  табрик гуфта, ба  онҳо барори кор  таманно намуд.

Дар навбати худ, намояндагони ҷамъиятҳои тоҷик барои дастгирӣ ва ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос  намуда, зикр  карданд, ки бо  мақомоти  давлатӣ пайваста ва ҳамаҷониба ҳамкорӣ  карда,  сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дастгирӣ менамоянд.

«Гарчанде аз Ватан дурем, вале ободию шукуфоии диёри азизамонро дидаву шунида, аз ин шахсияти маъруф ва шинохта-Сарвари давлату миллати соҳибтамаддун ифтихор менамоем, ки дар чанд соли охир Тоҷикистон хеле ободу зебо шуда, ба пешравиҳои чашмрас ноил гардидааст. Мо  омода ҳастем барои инкишоф ва боло бурдани нуфузи Тоҷикистони азиз саҳм гузорем»,- изҳор намуданд ҳамватанони бурунмарзӣ.

Дар  фарҷоми ҷамъомад Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ ба як зумра  намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Федератсияи Россия медалҳои «Барои ҳамкорӣ»  ва «Ифтихорнома»-ҳо тақдим намуд.

                                                                                        АМИТ «Ховар»[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо