[:tj]16 май дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо аз 10 майи соли 2019 баён доштанд, ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини якуми вазир Эмин Сангинзода муҳтавои матни суханронӣ ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, зикр кард, ки аз ҷониби вазорат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар мулоқоти мазкур нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардид. Номбурда аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳамчун хизматчии давлатӣ дар иҷрои саривақтӣ ва сифатноки стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва ҳадафҳои миллии рушд, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидаанд, нақши сазовор гузошта, уҳдадориҳои мансабиро тибқи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.
«Вазорат ҷиҳати истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетиву ғайрибуҷетии соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ назорати доимӣ ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулияти кормандони дастгоҳи марказӣ, хадамоту агентӣ ва муассисаҳои давлатии системаи вазорат тадбирҳои зарурӣ андешида, барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар самти хизматрасониҳои давлатӣ, хусусан ҳангоми додани иҷозатнома ва иҷозати кор ба субъектони хоҷагидор, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, чораҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд. Ҳамчунин хароҷоти буҷети соҳаҳои вазоратро дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва муносиб гардонида, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро таъмин намуда, гузаронидани мониторинги доимиро дар ин самт ба нақша гирифтааст. Ҳамзамон бо Бонки миллӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ҳамкорӣ ба роҳ мемонад»,- афзуд Э.Сангинзода.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон яке аз талаботи асосӣ дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ бояд манфиати давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузорем.
Таъкид гардид, ки дар асоси супориши махсуси роҳбарияти вазорат ҳамин гуна ҷамъомадҳои тавзеҳотӣ дар агентиву хадамот, муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои таркибии вазорат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар асоси Нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи вазорат баргузор мегарданд.
АМИТ «Ховар»[:]