[:tj]Вазъи муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳияи Ванҷ ба хориҷи кишвар дар машварати назди муовини раиси ноҳия сарпарасти соҳа Х. Холиқов мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ Зиёратшо Назруллоев гузориш дод, айни замон 304 нафар муҳоҷир сокини ноҳия, ки воридшавии ба Федератсияи Россия манъ аст, ба қайд гирифта шудааст. Аз он 48 нафарашон занон мебошанд. Дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия соли 2015, 97 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ аст, бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд. Инчунин, ба 11 нафар муҳоҷир грантҳои хурд дар шакли таҷҳизот барои ташкили боғ, ташкили нуқтаи таъмири мошин, сартарошхона ва дигар намудҳои хизматрасонӣ аз намояндагии Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон дода шуд.
Дар ҳамкорӣ бо намояндагии Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (МОМ) 9 нафар муҳоҷире, ки нияти ба Федератсияи Россия рафтан доштанд бо Сертификати донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқи Россия ба таври ройгон таъмин гардиданд.
Сардори шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ дар ноҳия Масрур Миров баромад намуда, зикр кард, ки дар мадди аввал муҳоҷирони меҳнатие, ки аз хориҷи кишвар баргаштаанд бо ҷойи кор, корҳои муздноки ҷамъиятӣ ва касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Сипас, муовини раиси ноҳия баҳри бо ҷойи кор ва касбомӯзи фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ба мақомотҳои дахлдор супориш дода, таъкид намуд, ки рӯйхати муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба Федератсия Россия манъ мебошад ба 6 ҷамоати деҳоти ноҳия барои чораҷӯи пешниҳод карда шавад.
Зиёратшо Назруллоев
мудири Бахши Хадамаоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ.[:]