Зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 18 июни соли равон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо фаъолияти сохторҳои вазорат дар ноҳияи Ванҷ шинос гардида, барои оғози корҳои сохтмонии Литсейи касбии техникӣ дар ин ноҳия супоришҳои мушаххас доданд.
Лоиҳаи бинои Литсейи касбии техникии ноҳияи Ванҷ дар ду ошиёна тарҳрезӣ шуда, барои 220 хонанда дар як баст ба нақша гирифта шудааст. Литсейи мазкур дорои утоқҳои корӣ, толорҳои маҷлисӣ, устохонаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои дарсию лабараторӣ мебошад.
Ҳамзамон барои муҳассилин аз ҷамоату деҳаҳои дурдасти ноҳия бинои чорошиёнаи хобгоҳ барои 100 нафар хонанда ба нақша гирифта шудааст.
Сохтмони иншооти мазкур боз як иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ба таълиму касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон дар шаҳру навоҳии кишвар равона гардидааст.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон