Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик аст

Сулҳ-Ваҳдат мафҳумест бузургу пурборуранг, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият, нишонаи озодию зиндагии ороми давлату миллат, таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ ва озодихоҳиву ватандӯстӣ мебошад.

Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвару миллати моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо бо ин ваҳдату истиқлолияти давлату миллати хеш фахр мекунем шукрона мекунем, ки мардуми соҳибваҳдатем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин карда метавонад. Аз ин рӯ, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расида тавонем. Ваҳдат барои миллати мо шарафу номус аст ва шояд он бузургтарин дастоварди миллати шарафманди тоҷик маҳбус ёбад, ки ба бисёр миллату халқиятҳои ҷаҳон муяссар нашудааст.

Акнун замоне, ки сухан дар бораи ваҳдати комил ва ё бутун меравад, мо бе ягон мамоният ва дудилагӣ гуфта метавонем, ки тоҷикон ваҳдати миллиро бо дастгирию талошҳои бевоситаи Қаҳрамони миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаанд ва мо мардуми тоҷикистониён ба ин шахси барӯманди ин давлату ин миллат аҳсан мегӯем.
Чуноне, ки Бозор Собир гуфтаанд :
Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат.

Мо дар асл бояд фаромӯш накунем, ки сулҳу салоҳ ва ризояти миллӣ неъматҳои волотаринанд ва ҳифзу пойдории онҳо вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯсти Тоҷикистони азиз маҳбус мешавад.

Аз ин рӯ, гуфта метавонем, ки ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ натанҳо ҷашни аз нав эҳёи давлати мост, балки тавлиди ҳар як фарди кишвар, ҳар як фарди тоҷик аст. Барои миллати мо беҳтарин дастоварди даврони истиқлолият ба шумор рафта, ҳеҷ гоҳ моҳияти хешро аз даст нахоҳад дод. Арзиши дар қалби мо ва наслҳои оянда абадан боқӣ хоҳад монд.

Яъне сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода анҷом доданд, натанҳо дар байни мардуми Тоҷикистон обурӯву манзалати зиёде пайдо карданд, балки таҷрибаашон дар тамоми дунё ҳамчун як мактаби нодир ва сулҳпарвар ҳисобида шуда, эътироф пайдо кард.

Ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар пешрафи ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёт, беҳтар шудани сатҳ ва зиндагии мардум, ободии Ватан мусоидат менамояд. Тарбияи шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, дар шуури наврасону ҷавонон ҷой додани аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди ватандор аст.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони тоҷикро сарҷамъ намуданд, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиатномаи худ барои ба Ватан баргаштани ҳамватанонамон аз хориҷи кишвар таъкид намуда буданд: «Бародар аз пайи кинаи бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки Шумо имрӯзу фардо боз хоҳед гашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи нодориро равшан хоҳад кард».

Барои устувории Ваҳдати миллӣ дар кишварамон лозим меояд шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки дорои тафаккури нав буда, худогоҳ, мустақил, масъулиятшинос, ватандӯст, эҷодкор ва бунёдкору созанда бошанд. Барои ин баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва дар руҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани насли наврас хеле муҳим аст.

Оре, шахси худогоҳу ватанпарвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро барпо карданд, бунёди давлати ҳуқуқбунёди демокративу дунявии мо, Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақилро асос гузошт.

Мафҳуми истиқрори сулҳ, истиқлоли миллӣ имрӯз баҳри мо муқаддасанд. Ҳоло, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем боз ҳам аз мавҷудияти чунин хушиқболӣ ҳарф мезанем. Зеро ки даврони осудаву фазои тинҷ дорем, соҳиби Ватани озодем, ки тамоми ҷаҳон мешиносанду чун мардуми сулҳпарвар эътироф доранд ва бо ифтихор метавонем гӯем, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшидаанд.

Аз фурсати басо муносиб истифода бурда, мо кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ кулли мардуми шарифу сарбаланди кишварро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ яъне рӯзи наҷоти давлату миллати тоҷикон табрик гуфта, орзумандем, ки ин ҷашни таърихӣ роҳи давлату миллати моро ба сӯи ояндаи обод ва орому осуда ҳамеша равшан нигоҳ доранд ва иттиҳоди ҷомеаи моро безаволу ҷовидон гардонанд. Бигзор, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллати тоҷик абадан поянда бошад ва дар қалби ҳар як фарди ватандӯст оташи меҳру ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад!

Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти
муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо