Ваҳдат – наҷоти миллат

[:tj]27 июни  соли  1997 ба  таърих ҳамчун  замони  нави  ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон  ворид  гашт.  Калимаи  «Ваҳдат» – забони  арабӣ  буда  маънии  хеле бузург  дорад.  Як  маънии  солим ва саҳеҳу равшани  он  ягона  будан  ва  эътиқоди қавӣ ба ягонагӣ  аст. Маънии дигари  он – сарҷамъӣ, якдилӣ, ҳамраъйи, иттифоқи   комили сухан  ва  амал, муттафиқӣ, дӯстӣ ва дилнавозии инсонро  дорад.      Оре,  маҳз Ваҳдати  миллии  мо, тоҷиконро  умри дубора бахшид,  миллатро сарҷамъ гардонд ва Ватан аз вартаи нобудӣ раҳо ёфт. Ваҳдати  миллии мо  аз  Иҷлосияи 16 –уми  тақдирсози Шӯрои  Олии Тоҷикистон  (соли  1992)  оғоз  ёфт. Ба арсаи сиёсати Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло мо  ӯро барҳақ асосгузори сулҳу ваҳдат – пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мешиносем,  омаду ба  вакилон  ва  ба  мардуми  кишвар рӯ овард: «Ман дар Тоҷикистони азиз сулҳро барқарор  мекунам,  ба  шумо  сулҳ  меорам.  Лозим  шавад дар ин роҳ ҷони  худро нисор менамоям,  то охирин тоҷики гуреза ба Ватан барнагардад ман  худро осуда ҳис намекунам».

Барои ҷаҳониён Ваҳдати миллии тоҷикон нишон дод,  ки  мо – тоҷикон  дар қавлу амали  худ  устуворем.  Имрӯз Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба ҳайси  узви  комилҳуқуқи Созмони  Милали Муттаҳид  шинохта шуда, маҳз Тоҷикистон борҳо аз минбари  бонуфузи  Созмони  Милали Муттаҳид  баромад  карда,  ба ҷаҳониён  эълон  кард,  ки  сулҳу  суббот  дар  кишвари  мо  таъмин  ва Ваҳдати  тоҷикон халалнопазир  мебошад  ва  ҷаҳониён  метавонанд  аз  сулҳу  субботи  мо  истифода  кунанду  кор  бигиранд.  Хидматҳои  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  роҳи  расидан  ба  сулҳу  субботи  миллиро  борҳо  тариқи  расонаҳову  ахборҳо  шунидаву хондаем.  Ин шахсияти  таърихӣ  ва  арзанда тавонист  халқи  тоҷикро аз  маҷрои  зиндагии  бадбахтонае,  ки  ба вартаи  нестӣ  бурдани  миллатро  сабаб  мешуд,  наҷот  дод.

Бояд  таъкид  сохт,  ки  раванди  расидан  ба  сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон аз баргузории  Иҷлосияи  таърихии  тақдирсоз  маншаъ  гирифтаву маҳз  ҳамин  Иҷлосияи  наҷотбахш  дар  интихоби  роҳбари арзандаи  тоҷикон  мавқеи  хосаро  иҷро  карда  тавонист.

Маҳз  ба  имзо  расидани  истиқрори сулҳу  ризоияти  миллӣ  дар  соли  1997,  ки  мо  имрӯз  бо ифтихори  бузург  Ваҳдати  миллӣ  меномем,  дар  Тоҷикистон  авзоъро  беҳтар  сохт.  Ин  иди  фархунда  нишони  сулҳ,  ҳамдигарфаҳмӣ  ва  осоиштагӣ  дар ҷамъиятамон,  боиси  эҳёи мънавию иқтисодии  кишвар,  масъулияти  умумии  мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи  дурахшони Тоҷикистон аст.

                                                                            Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                     дар шаҳри Душанбе

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо