Вебинарӣ навбатӣ дар Хадамоти муҳоҷират

[:tj]Вебинарӣ навбатӣ (видео-семинар) дар мавзўи «Қонунгузории давлатҳои қабулкунанда дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ», 19 октябр, дар Хадамоти муҳоҷират баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки чунин видео-семинарҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» – и шаҳри Душанбе    барпо карда шуд.

Ин маротиба дар бораи қонунгузории Федератсияи Россия оиди муҳоҷират ҳуқуқшиноси Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Кирилл Шевченко тавассути онлайн-видео  муфассал маълумоти саҳеҳ оид ба қонунгузории ФР дар самти муҳоҷират ба иштирокчиён пешниҳод намуд. Дар ин вебинари навбатӣ кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар хатми видео-семинар Кирилл Шевченко тавсия дод, ки пеш аз сафари меҳнатӣ, ҳар як шавҳрванди ҷумҳурӣ омодагии хуби донистани забони русӣ ва ихтисоси коргарӣ дошта бошад ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар кунад. Ба саволҳои сершумори иштирокчиёни видео-семинар посухҳои мушаххас дод.

Чунин вебинари навбатӣ доир ба ин мавзўъ дар шаҳри Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд 26 октябри соли равон низ баргузор хоҳад шуд. Ин навбат эксперти Фонди хелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Полшаи Ҷумҳурии Лаҳистон Марта Жзепаник баромад хоҳад намуд.

                                                                                          Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо