Ташрифи ҳайати коршиносони Ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон

[:ru] 

 

[:tj]11 июли соли 2018 вохўрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид бо ҳайати коршиносони Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии  директори раёсати  қувваи кории хориҷии Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея хонум Рах Йи Сун доир гардид.

Дар ҷараёни вохўрӣ Тарафҳо масъалаҳои асосии самти фаъолияти вазорат, аз ҷумла муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, оид ба вазъи бозори меҳнат ва  сатҳи шуғлнокии аҳолии кишвар, инчунин раванди фарогирии  шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба тайёрии касбӣ ба он ҷониб маълумот пешниҳод гардид.

Бояд қайд кард, ки дар доираи ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид аз сохторҳои вазорат аз ҷумла, Хадамоти муҳоҷират, муассисаҳои давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»  ба  нақша  гирифта  шудааст.

                                                          Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                             аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо