Вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо вабои аср

[:tj] 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли сипаришудаи 2018 чандин маротиба, аз ҷумла зимни суханрониҳояшон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ҷаласаи васеи Ҳукумати мамлакат, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз зиёд шудани шумораи гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) изҳори нигаронӣ намуда, супориш доданд, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ин гуна омилҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Дар ҷаласаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҳаштмоҳа ва солонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзада низ масъулин ва сохтору мақомоти дахлдорро барои андешидани чораҳои қатъӣ ва роҳандозӣ намудани чорабиниҳои судманд дар ин самт вазифадор намуд.

Ҳамзамон дар асоси супоришу вазифагузориҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Сумангул Тағойзода, Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ва қарори Ҷаласаи Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ), сил ва вараҷа аз 8 августи соли 2018, ки ба масъалаи татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 бахшида шуд, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани корҳои иттилоотию тарғиботӣ, ташкили мулоқотҳо бо аҳолӣ, паҳн кардани варақаю дастурамалҳо дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳамкории босамар бо васоити ахбори омма ва дар умум саҳми бештар гузоштан дар татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» вазифадор шудаанд.

Дар самти мазкур аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич, ки дар озмунии вилоятии «Беҳтарин шуъба ва бахши Хадамоти муҳоҷират» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 соҳиби мақоми дуюм гардид, таҳти сарварии Санавбар Баҳодурова корҳои муайян ба иҷро мерасанд.

Чунончи, чорабинии иттилоотӣ – маърифатие, ки дар толори муаасисаи таълимии деҳаи Хуштоири Мухлони ноҳия доир гардид, ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуд. Дар он наздик ба 50 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ширкат варзиданд. Доир ба масъалаи баррасишаванда дар назди ҳозирин мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират С. Одинаев, сарвари МТТҲС К. Тӯйчиев, табиби касбӣ оид ба пешгирию мубориза бо бемории ВНМО М. Ҳайдаров ва мутахассиси пешбари ҷамоат оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Э. Раҷабалиев суханронӣ ва дар симои онҳо аҳли ҷомеаро аз хатарҳои ин вабои аср бохабар карданд. Дар ин радиф масъалаи мубориза бо экстремизму терроризм ва шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баррасӣ гардид.

Зимни саволу ҷавоб ва мулоқоти озод маърӯзачиён ба пурсишҳои аҳли толор посухҳои мушаххас доданд.

 

Мардон ҚУРБОНОВ

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо