[:tj]Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Тоҷикобод дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, маркази бемориҳои ВНМО, сил ва шахсони дахлдор дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вохўриҳо ва суҳбатҳои муфид баргузор намуданд.
Дар ин чорабиниҳо сокинони ҷамоатҳо фаъолона ширкат варзиданд. Мавзўи асосии мулоқотҳо пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО буд. Дар рафти чорабини ҳамзамон рафти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар назди иштирокчиён мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Тоҷикобод Д. Фаттоҳзода низ суханронӣ намуда, ба онҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботиро оид ба муҳоҷирати бехатар, роҳои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятии ВНМО, сил, гепатит ва нашъамандӣ дастрас кард.
Бахши Хадаморти муҳоҷират
дар ноҳияи Тоҷикобод
[:]