Вохўрии судманд дар Ҷамоати деҳоти Ҷиргатол

[:tj]Як вохўрии судманд дар Ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ ва сокинони он баргузор гардид.

Насрулло Негматов – сардори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия дар баромади худ оид ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Русия барои муҳоҷирон, дигаргуниҳои воридгашта дар Қонунгузории навъи он ибрози ақида намуд. Ў қайд намуд, ки Федератсияи Русия дар қонунгузории худ нисбати муҳоҷирони аз хориҷи кишвар воридшаванда дигаргуниҳо ворид намуда аз январи соли 2015 мавриди амал қарор дорад.

Ба муҳоҷирони меҳнатӣ акнун лозим мебояд, ки қоидаҳои нави будубошро дар Федератсияи Русияро риоя намоянд, Сертификати донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории он, шиносномаи хориҷӣ, корти муҳоҷират, патент ва шартнома бо корфармо дошта бошанд талаб карда мешавад.

Аз муҳоҷирон сокинони ноҳия хоҳиш карда шуд, ки барои гирифтани маълумоти дақиқ пеш аз сафар барои кор ба Федератсияи Русия ба Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Лахш муроҷиат намоянд.

Ба ғайр аз ин ў қайд намуд, ки муҳоҷироне, ки ягон касби коргарӣ надоранд метавонанд ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия муроҷиат намоянд ва ба касбомўзӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар фарҷоми вохўрӣ аз иштирокчиён (муҳоҷирони меҳнатӣ) хоҳиш карда  шуд, ки ба Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Лахш ташриф биёранд ва худашонро санҷанд, ки дубора воридшавиашон ба Федератсияи Русия иҷозат ҳаст ё не. Аз ҷониби Шуъба ба ҷамъомадагон (муҳоҷирони меҳнатӣ), ки ба кишвари Русия сафар мекунанд варақаҳои ёддоштҳо (буклетҳо) ройгон дастрас карда шуд..

  •                                                                                           Насрулло Негматов
  •                                                                                сардори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират
  •                                                                                                  дар ноҳияи Лахш

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо