Вохўрии Тоҳир Каримзода бо Матиаз Саловен

[:tj]1 июн дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Тоҳир Каримзода бо роҳбари гурўҳи баҳодиҳандагон ҷиҳати амалӣ намудани программаи БОМКА ва КАДАП дар Осиёи Миёна Матиаз Саловен баргузор гардид.

Дар ибтидо Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ташрифи меҳмононро ба Хадамоти муҳоҷират хайрамақдам гуфта, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти имрўзаи Хадамот ба таври муфассал маълумот дод. Алалхусус, ў дар бораи фаъолияти кормандони Хадамоти муҳоҷират дар сарҳадот сухан гуфта, иброз намуд, ки кормандони Хадамот ҳам дар фурудгоҳ ва ҳам дар роҳи оҳан дар якҷоягӣ бо сарҳадчиён кору фаъолият намуда истодаанд. Инчунин вай дар бораи будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар низ маълумот пешкаш намуд.

Аз тарафи худ Матиаз Саловен барои барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, иброз намуд, ки мақсади умумии барномаи “Идораи сарҳадҳо дар Осиёи Марказӣ” (БОМКА 9) баланд бардоштани самаранокӣ ва натиҷабахшии идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ тавассути ҷорӣ намудани элементҳои муосири «Идоракунии мукамали марзҳо» ва мусоидат намудан ба ҳукуматҳо дар рушди таҳкими сиёсат дар соҳаи идоракунии давлатии муҳоҷират, зудамалӣ ва мусоидат ба савдо, васеъ намудани имконоти мақомоти сарҳадӣ ва муҳоҷиратӣ ба хотири мусоидат ба рушди амният ва иқтисодиёт дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Ў қайд намуд, ки роҷеъ ба ин дар даври аввали амалисозии барнома гузаронидани миссияҳои баҳодиҳӣ дар ҳар як кишвар ба доир намудани вохўриҳо бо намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ, роҳбарияти мақомоти сарҳадӣ, муҳоҷират, гумрук ва фитосанитарӣ, инчунин муассисаҳои дахлдори таълимии соҳа барои шиноскунии лоиҳа, муайянсозии мушкилотҳои эҳтимолӣ ва эҳтиёҷот, пешбинӣ шудааст.

Барнома бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва аз ҷониби консортсиуми шарикон бо роҳбарии мақомоти сарҳадии Латвия амалӣ карда мешавад.

Дар хотима ҷонибҳо омодагии худро баҳри тақвияти ҳамкориҳо ва амалигардонии ин барнома баён доштанд.

Мулоқот дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

                                                                                                          Анвар Юсупов[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо